Толибилмони шаҳри Норак имсол бо либосҳои ягонаи мактабӣ ба дарс мераванд

Август 24, 2017 11:58

НОРАК, 24.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз волидайни 4655 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Норак аз коргоҳҳои дӯзандагии «Бонувон», ҶДММ «Дӯстӣ», ҶСК «Бофандаи Норак» ва ҶДММ «Олимхони хуҷандӣ» барои фарзандонашон бо нархҳои дастрас  либосҳои мактабӣ харидаанд.  Дар асоси шартнома миёни муассисаҳои таълимии шаҳри Норак ва корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ, корхонаҳои мазкур  дар соли хониши 2017- 2018 барои  7065 нафар хонанда либосҳои мактабӣ омода мекунанд.
Ҳукмиддин Нарзуллоев,  мутахассиси ҶСК «Бофандаи Норак» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «мо то имрӯз 11 ҳазору 140 адад либосҳои мактабиро  ба хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон ва 2559 ададро ба хонандагони  мактабҳои шаҳри Норак  бо нархҳои дастрас ва сифати хуб пешниҳод намудем. Хушбахтона, имсол таваҷҷуҳи хонандагону падару модарон ба либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ зиёд гардидааст, ки ин қобили дастгирӣ аст».
Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Норак,  беш аз 12 ҳазор нафар хонандагони  муассисаҳои таълимии шаҳр соли нави  хонишро бо либосҳои ягонаи мактабӣ оғоз менамоянд.

Август 24, 2017 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд