Ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирии Вазорати корҳои дохилӣ барои бо мошин аз по афтонидани пиёдагард аз кор озод гардид

Август 25, 2017 09:27

ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкории байналмилалии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили вазорат Парвиз Раҳимов, ки дар ҳолати мастӣ бо мошин  пиёдагардро зер намуда, аз по афтонидааст, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд.

Тавре аз вазорат хабар доданд, 22 август, соати 21:30, мошини тамғаи «Опел-Астра», рақами давлатиаш 46-50 СН 01, таҳти идораи ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкории байналмилалии РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Раҳимов Парвиз Раҳматович, соли таваллудаш 1986, дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Қаҳҳоров, дар ҳудуди кӯчаи С.Шерозии пойтахт пиёдагард Хисрав Маҳмадов, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Восеъро зада аз пой меафтонад. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ба иттилои  манбаъ, нисбат ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби шуъбаи тафтишотии РВКД дар шаҳри Душанбе мавод тартиб дода шуда, аз рӯи тобеъият барои тадбирандешӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд. Ҳамчунин ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкории байналмилалии РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Раҳимов Парвиз Раҳматович бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд.

Август 25, 2017 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад