Вазорати кишоварзӣ: майдони кишти такрории зироат 970 га зиёд гардид
ДУШАНБЕ, 23.08.2017 /АМИТ«Ховар»/. Имсол дар ҷумҳурӣ майдони кишти такрории зироати кишоварзӣ 74 ҳазору 490 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 970 га зиёд мебошад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 21 август дар ҷумҳурӣ дар 77 ҳазору 977 га кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 105 %-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Майдони умумии кишти такрории зироати ғалладонагиҳо 33 ҳазору 805 гектарро ташкил медиҳад. Аз он дар 14 ҳазору 604 га ҷуворимакка барои дон, 7843 га шолӣ ва дар 11 ҳазору 358 га дигар намуди ғалладонагиҳо кишт карда шудаанд.
Инчунин дар майдони 193 га картошка, 8419 га сабзавот, 3249 га полезиҳо, 1928,8 га зироати техникӣ ва дар 30 ҳазору 382 га алаф барои хӯроки чорво кошта шудааст.








Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад






