Вазорати маориф ва илм ба давраи тирамоҳу зимистон омодагӣ мебинад

Август 3, 2017 08:18

ДУШАНБЕ, 03.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. То ба имрӯз дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони  солҳои 2017-2018 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1478,8 тонна ангишт (3,4%) ва 1185 м3 ҳезум (2,5%) захира карда шудааст. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре манбаъ иттилоъ дод,  ҷиҳати иҷрои карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» вазорат  тадбирҳо меандешад.
Ба иттилои манбаъ, нақшаи харидории ангишт дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба 43194,5 тонна ангишт ва 47475,7 м3 ҳезум баробар буда, айни замон кашонидан ва захира намудани ангишту ҳезум дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон, Истаравшан, Деваштич, Спитамен, Айнӣ, Қубодиён, Мир Сайид Алии Ҳамадонй, Фархор, Ш. Шоҳин, Рӯдакӣ, Роғун ва шаҳри Душанбе оғоз гардидааст.
«Мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ дар фасли тирамоҳу зимистон бо маводи хӯрокӣ ва маҳсулоти полезии зарурӣ, аз қабили орд, равған, тухм, гӯшт, шакар, картошка, пиёз, карам, гандум, нахўд, лўбиё, мош ва ғайра таъмин мегарданд. Мавриди зикр аст, ки дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 2530 адад генератор мавҷуд мебошад»,-зикр намуд манбаъ.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумоти дастрасгардида талаботи муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ба 147830,3 литр сўзишвории дизелӣ баробар мебошад.

Август 3, 2017 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад