Ёвон: ба 400 нафар хонандагони ятиму камбизоат либосҳои мактабию лавозимоти дарсӣ тақдим гардид
ЁВОН, 22.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабии истеҳсоли коргоҳҳои ватанӣ 82 адад муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон бо корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии ҶСК «Бофандаи Норак», ҶСК «Раббонӣ» ва КВД «Маркази ҷавонон» шартномаи дутарафа баста, то имрӯз 13 ҳазору 273 нафар хонандагонро бо либоси мактабӣ таъмин намудаанд.
Тибқи иттилои сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Раҳматулло Зубайдов, дар ин давра аз ҳисоби кумаки хайриявии раиси ноҳия ба 400 нафар хонандагони ятиму аз оилаҳои камбизоат либосҳои мактабию лавозимоти дарсӣ тақдим намуданд. Аз ҳисоби коргоҳҳои хурди муассисаҳои таълимӣ ва миёнаи касбии ноҳия 552 нафар хонандагон бо либоси мактабӣ таъмин гардиданд.
Масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон тасмим гирифтаанд, ки дар соли таҳсили 2017-2018 25 ҳазору 900 нафар хонандагонро дар асоси шартномаи тарафайн бо либоси баландсифати мактабӣ таъмин намоянд. Инчунин бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар бозорҳои ноҳия ва мағозаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.








Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад






