Зафар Самад: «Агентӣ фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноятиро ошкор ва қатъ гардонид»

Август 2, 2017 14:29

ДУШАНБЕ, 2.07.2017 /АМИТ  «Ховар»/ Дар шаш моҳи аввали соли равон дар дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои вилоятии Агентии  назорати маводи нашъаовари  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи сӯзонидан дар маҷмӯъ 1 тоннаю 691 кг маводи нашъаовар нобуд карда шуд, ки назар ба соли гузашта 1 тонна зиёд мебошад. Ин нуктаро Зафар Самад, муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод дар ҳузури хабарнигорон баён кард.
Дар нишаст инчунин зикр карда шуд, ки тибқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи шашмоҳаи аввали соли равон бо ташхиси «нашъамандӣ» 7102 нафар бемор ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 1,3 фоиз ё 83 нафар коҳиш ёфтааст.
Зикр карда шуд, ки бо мақсади пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо паҳнкунандагони маводи нашъадор дар байни аҳолии ҷумҳурӣ тадбриҳо пурзӯр карда шуда, танҳо дар шашмоҳаи аввал дар шаҳри Душанбе 2 фасодхона ошкор ва фаъолияти онҳо қатъ карда шуд.
«Ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятпеша аз ҷониби Агентӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Дар шаш моҳи аввали соли равон кормандони Агентӣ бевосита фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 61 нафар ошкор ва қатъ гардониданд, ки 2-тои онҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша мебошанд»,-хабар дод  муовини директори Агентии  назорати маводи нашъаовари  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Август 2, 2017 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд