1000000 ТОННА АНГИШТ! Нақбканони Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба чунин натиҷа расиданд
ДУШАНБЕ, 04.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳашт моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ангишт ба зиёда аз 1 млн. тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 183 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи самаранок ва пурмаҳсул ба роҳ мондани фаъолият, ба амал баровардани нақшаву чорабиниҳо дар самти ташкили иқтидорҳои нав ва афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ бо мақсади иҷрои нақшаву уҳдадориҳо, корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт тамоми имкониятҳоро истифода бурда, истихроҷи ангиштро дар ҷамъбасти ҳашт моҳи соли равон ба зиёда аз 1 млн. тонна расониданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 183 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра аз ҷумла Корхонаи фаръии «Шахтаи «Фон-Яғноб» 452 ҳазор тонна, Ҷамъияти давлатии масъулияташ маҳдуди «Талко-Ресурс»- 206 ҳазор тонна, Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик»- 185 ҳазор тонна, КФ «КА «Зиддӣ»- 43 ҳазор тонна ва ҶДММ «Камароб»- 38 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда, дар расидан ба ин натиҷа саҳми назаррас гузоштаанд.








ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






