13 сентябр -Рўзи мелиораторон: соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ аз бахшҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор меравад

Сентябрь 13, 2017 14:59

ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 сентябр ҳамчун Рўзи мелиораторон ҷашн гирифта мешавад. Иди касбии кормандони соҳаи хоҷагии об дар рӯзҳое таҷлил мегардад, ки дар саросари кишвар баҳри обёрии заминҳои кишоварзӣ ва ғанӣ гардонидани дастархони мардум кормандони хоҷагии об пайваста  заҳмат мекашанд.

Калимаи мелиоратсия аз калимаи лотинии “melioration” гирифта шуда, маънояш беҳтаркунӣ ва беҳдошти ҳолати замин мебошад. Соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар буда, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои олии рушди дарозмуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсули аҳолӣ, хусусан дар деҳот барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ равона гардидаст.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ 753 ҳазору 929 гектар заминҳои обӣ  мавҷуд мебошанд.

Рузи мелиораторонТавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ “Ховар” сардори шуъбаи пойгоҳҳои обкашӣ ва зеристгоҳҳои барқии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шафоат Назифов иброз намуд, соли ҷорӣ идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бо 4826 нафар истифодабарандагони об барои обёрии 542 ҳазору 909 гектар шартнома ба имзо расониданд, ки  98% -и нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ин давра шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо тоза гардида, таъмири иншооти гидротехникӣ дуруст ба роҳ монда шуд.

Шафоат Назифов омили асосии пешрафти фаъолияти молиявии соҳаро ба ҷамъоварии  ҳаққи хизмати обрасонӣ вобастагӣ донист. Ба маълумоти номбурда, дар ин давра пардохти маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ҳамагӣ 27,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузошта 3641,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи  хизмати обрасонӣ  дар назди  идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба ҳолати 1 сентябри  соли 2017 бо ҳисоби қарзҳои солҳои гузашта 107,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Яке аз вазифаҳои асосии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, ки он яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ буда, дар ин замина барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.

20170228_111924Тибқи ҳисоботи Кадастри мелиоративӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ масоҳати 39 ҳазору 580 гектар заминҳои ғайриқаноатбахши кишоварзӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5690 гектар кам мебошад.

Дар робита ба ин сардори шуъбаи пойгоҳҳои обкашӣ ва зеристгоҳҳои барқии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Шафоат Назифов гуфт, ки тағйир ёфтани ҳолати мелиоративии заминҳо равандест, ки пайваста дар ҷараён мебошад.

-Агар аз як тараф анҷом додани корҳои    мелиоративӣ    ҳолати   заминҳоро    беҳтар гардонад,- мегӯяд ӯ,- аз тарафи дигар бо сабаби риоя накардани усулҳои агротехникӣ, технологияи обмонӣ, сари вақт тоза накардани заҳбуру заҳкашҳои дохили хоҷагӣ, дар ҳолати ғайритехникӣ нигоҳ доштани чоҳҳои амудии хушккунанда ва пойгоҳҳои мелиоративӣ, нодуруст шустани заминҳои шӯр, барои обёрӣ истифода бурдани обҳои заҳбуру заҳкашҳо, ки минералнокиашон зиёд аст, вазъи мелиоративии заминҳо ҳамасола мураккаб мемонад.

Агентӣ бо ин мақсад Лоиҳаи  «Доир  ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021»-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Ба иттилои мутахассисон, дар доираи барномаи мазкур беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 48 ҳазору 568 гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шумораи пойгоҳҳои обкашӣ, ки тариқи онҳо заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ обшор мегарданд, 388 адад буда, дар ҷумҳурӣ 289,1  ҳазор гектари заминҳо тавассути 1492 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва 505 адад чоҳҳои амудӣ обёрӣ карда мешаванд.

20170224_163553Оид ба ҳолати имрўзаи  пойгоҳҳои обкашӣ сардори шуъбаи пойгоҳҳои обкашӣ ва зеристгоҳҳои барқии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шафоат Назифов зикр намуд, ки иншооти мазкур асосан солҳои шастуми асри гузашта сохта шуда, муҳлати истифодаи онҳо 2 — 4 маротиба гузаштааст.  Аз 1473 адад дастгоҳҳои обкашӣ 65 фисад, ё ин ки 1108 адад соли бароришашон 1958-1970 ва 35 фисад, ё ин ки 365 адад соли бароришашон 1970-1986 буда, муҳлати техникии истифодаи онҳо аз меъёри муайяншуда гузаштааст. Барои ба пуррагӣ иваз намудани дастгоҳҳои обкашӣ, муҳаррикҳои барқӣ  ва бо оби обёрӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ зарур аст, ки 1274 адад дастгоҳҳои обкашӣ, муҳаррикҳои барқӣ ва 620,2  ҳазор метр қубурҳои баландфишор иваз карда шаванд, ки барои ин 3,7 млрд. сомонӣ (735 млн.доллари ИМА) маблағ зарур мебошад.

Ҳамсуҳбат барои қонеъ намудани талаботи кишоварзон бо оби обёрӣ барқарорсозӣ, таъмир ва навсозии (модернизатсияи) пойгоҳҳои обкашӣ ба иваз намудани  таҷҳизоти каммасрафи муосирро зарур шуморид.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, соли 2015 аз ҷониби ширкати муштараки Чину Тоҷикистон “Ҷунтай-Хатлон Синсилу” барои пойгоҳҳои обкашии вилояти Хатлон 32 маҷмўъ таҷҳизоти муосири истеҳсоли Чин ворид карда шуда, дар силсилапойгоҳҳои обкашии мавзеи Гароутии ноҳияи Дўстӣ ва Қубодиён васл карда шуд. Аз ҳисоби васл намудани таҷҳизоти номбурда, танҳо дар мавзеи  Гароутӣ самаранокии дастгоҳҳои обкашӣ дар маҷмўъ ба миқдори 8,1м3/сония зиёд гардида, истифодаи неруи барқ 310 кВт/соат паст карда шуд.

Ҳамзамон ҳамсуҳбат илова намуд, ки дар ҷумҳурӣ 33 адад пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ бо 127 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва 426 адад чоҳҳои амудии мелиоративӣ дар давоми сол хизмат мерасонанд. Хароҷоти шабонарўзии онҳо аз рўи тавоноии муҳаррикҳои барқӣ 480,63 ҳазор кВт-ро ташкил намуда, дар ҳолати пурра фаъолият намудани онҳо, дар як сол хароҷоти он 200 то 250 млн.кВт/с бо арзиши 4,4- 5,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки аз ягон манбаъ маблағгузорӣ нагардида (яъне ҳаққи хизмати обрасонӣ надоранд), бар замми маблағи истифодаи барқ боз хароҷоти нигоҳдорӣ, таъмир, музди меҳнат ва андозҳо  доранд.

20160304_110301Бино ба гуфтаи Шафоат Назифов, аз сабаби сари вақт ва пурра пардохт нагардидани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби истеъмолгарон, бахусус хоҷагиҳои кишоварзӣ, барои ба пуррагӣ аз таъмир баровардани иншоот ва дастгоҳҳои обкашӣ, чоҳҳои амудӣ, шабакаҳои обёрии дохилихоҷагӣ ва байнихоҷагӣ, иншооти гидротехникӣ ва таҷҳизоти барқӣ, ки муҳлати истифодаашон 3-4 маротиба гузаштааст, таъсир мерасонад.

Тибқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, тарифҳои хизмати обрасонӣ ва оббарорӣ аз шабакаҳои давлатии обёрӣ (бе ҳисоби ААИ) барои 1м3 об 1,5 дирамро (ё ин, ки ба ҳисоби миёна барои 1 га 100 сомонӣ) ташкил медиҳад. Сардори шуъбаи пойгоҳҳои обкашӣ ва зеристгоҳҳои барқии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Шафоат Назифов мегӯяд, ки ин ҳатто барои пардохти пурраи маблағи истифодаи неруи барқ кифоя нест, вале дар навбати худ баланд бардоштани тарифҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ номатлуб буда, сабабгори боло рафтани нархи маҳсулоти кишоварзӣ, паст гардидани қобилияти рақобатпазирии маҳсулоти дохилӣ дар бозори кишвар ва сатҳи некуаҳволии мардум мегардад.

Аз ҷониби дигар, ҳолати иқтисодии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва қобилияти пардохтпазирии онҳо дар мавриди пардохти маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ паст буда, солона ба ҳисоби миёна ҳамагӣ то 60 %-ро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои сардори шуъбаи пойгоҳҳои обкашӣ ва зеристгоҳҳои барқии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шафоат Назифов, бақияи қарзи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии   Агентӣ аз истифодаи неруи барқ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» то   1 августи  соли 2017 121,1 млн.  сомониро  ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби баланд гардидани тарифҳои истифодаи неруи барқ  танҳо дар соли ҷорӣ 40,6 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.


Мавҷуда АНВАРӢ

Сентябрь 13, 2017 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад