30 сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мешавад

Сентябрь 28, 2017 15:59

ДУШАНБЕ, 28.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябри соли равон, соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ барномаи  адабию фарҳангӣ баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар барнома намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок мекунанд.

Дар барномаи мазкур композитсияи адабию мусиқии Театри «Аҳорун»-и ба номи М. Қосимов, маърӯзаи илмӣ аз ҷониби Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, қироати шеър ва иҷрои суруду оҳанг аз ҷониби шоирону ҳунарпешагони маъруфи Тоҷикистон дар назар аст.

Бояд тазаккур дод, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 30 сентябри соли 1207 дар Балх ба дунё омада, дар шаҳри Қунияи Рум зиндагӣ ва эҷод намудааст. Шоир дар соли 1273 дар Рум вафот кардааст. Алҳол оромгоҳаш дар шаҳри Қунияи Туркия қарор дошта, зиёратгоҳи ҳазорон дӯстдорони каломи бадеъ аст.

Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Асарҳои офаридаи ӯ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Фихи мо фихи», «Маснавии Маънавӣ» мебошанд, ки хонандагонро ба дунёи маърифату заковат ворид мекунанд. «Маснавии Маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон тӯли солҳои 1925-1937 аз форсӣ ба англисӣ баргардонидааст, ки аз 25 ҳазору 632 байт иборат аст.

Сентябрь 28, 2017 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад