«АФҒОНИСТОН: ЧОЛИШҲО ВА ТАҲДИДҲО”. Дар Душанбе китоби нави муҳаққиқи тоҷик ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 06.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Китоби муҳаққиқ Саймуддин Мирзоев таҳти унвони «Афғонистон: чолиш ва таҳдидҳо» (“Афганистан: вызовы и угрозы») тавассути нашриёти «Ирфон» бо забони русӣ ба нашр расид.
Тавре аз Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, муаллиф бо шеваи илмӣ ва усули таҳқиқотӣ масоили печидаву мубрам, буҳрон, мушкилоти рӯз ва омилҳои пайдоиши таҳдиду хатар ва хушунату тундагароиро дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ қарор додааст. Ӯ зимни баррасии масоили зикргардида сарчашмаи пайдоиш, омилҳои шаклгирӣ ва тавсеаи ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистиро дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон муаррифӣ намуда, роҳҳои таъмини амнияти давлатдории миллӣ ва муқовимат бар зидди ҳама гуна ҳаракатҳои тундрав ва иртиҷоиро нишон додааст.
Китоби мазкур дар шинохти бархӯрди манфиатҳои бузург ва қудратҳои ҷаҳонӣ, ки дар кишвари Афғонистон саҳми калидӣ доранд, аҳамияти ҷиддӣ дорад.
Муаллиф дар асоси санадҳои таърихӣ ва далелҳои қавии таҳлилӣ сабабҳои аслӣ ва калидии буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ ва иқтисодии Афғонистонро нишон дода, изҳор доштааст, ки ин омилҳо боиси тақвиятёбӣ ва решадавонии таҳдид ва хатарҳои байналмилалии террористӣ гаштаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






