Агентии обуҳавошиносӣ: имрӯз дар баъзе манотиқи Тоҷикистон борон меборад

Сентябрь 4, 2017 10:03

ДУШАНБЕ, 04.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 4 сентябр, дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 10-15, рӯзона 25-30 дараҷа ва дар шарқи ҳамин вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад.

Ҳаво дар  вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 14-19 ва рӯзона ба 32-37 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона  32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шабона 13-15 ва рӯзона 34-36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Сентябрь 4, 2017 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд