Агентии обуҳавошиносӣ: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрӣ ва боронӣ дар назар аст

Сентябрь 21, 2017 08:57

ДУШАНБЕ, 21.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳаво дар ҷумҳурӣ  тағйирёбандаи абрнок шуда, дар доманакӯҳҳо боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Ин гуна вазъи обу ҳаво то охири моҳи сентябр боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 21  сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳо ҳарорат паст шуда, гармӣ рӯзона ба 34  дараҷа мерасад. Ҳаво дар  шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, ҳарорат рӯзона ба 34 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 25 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки борониро пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи боронӣ пешбинӣ шуда, ҳарорат дар ғарб 22-27 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар шарқи вилоят пас аз боридани барф ҳавои ноустувор ва ҳарорати паст пешгӯӣ шуда, гармӣ дар ин мавзеъ ба 14 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 33 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат 33 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Сентябрь 21, 2017 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад