Агентии обуҳавошиносӣ пастшавии ҳароратро дар баъзе ноҳияҳои кишвар пешгӯӣ мекунад

Сентябрь 19, 2017 09:10

ДУШАНБЕ, 19.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. То охири моҳи сентябр дар баъзе ноҳияҳои кишвар ҳавои ноустувор, пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани барф дар баландии 3000 метр пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз, 19 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат чун рӯзҳои қаблӣ бетағйир боқӣ мемонад. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона 35 ва дар доманакӯҳҳо то ба 30 дараҷа мерасад. Ҳаво дар шимоли кишвар тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо рӯзона 28-33 ва дар доманакӯҳҳо то 25 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки боронию барфро пешгӯӣ мекунанд. Боридани барфу борон асосан дар баландии беш аз 3000 метр дар назар дошта шудааст. Гармии ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят 20-25 ва дар шарқи ҳамин вилоят 8-13 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои тағйирёбандаи беборишро пешбинӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат бетағйир боқӣ монда, рӯзона ба 35 ва дар доманкӯҳҳо ба 28 дараҷа мерасад.

Дар Душанбе ҳавои чун рӯзҳои қаблӣ тағйирёбандаи беборишро  дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст гашта, шабона ба 11-13 ва рӯзона ба 31-33 дараҷа мерасад.

Сентябрь 19, 2017 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд