Агентии обуҳавошиносии ҶТ: сокинону меҳмонони Тоҷикистонро дар Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳавои софу офтобӣ интизор аст
ДУШАНБЕ, 09.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 сентябр, дар тамоми ҷумҳурӣ 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегиранд. Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар рӯзи ҷашн шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакатро ҳавои бебориш ва офтобӣ интизор аст.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 8-13, рӯзона 25-30 дараҷа, дар шарқи ҳамин вилоят шабона 4-1 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, дар баъзе минтақаҳо ҷангу ғубор дар назар дошта шудааст. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 14-19 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 11-16 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шабона 11-13 ва рӯзона 32-34 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






