Андӣ, сарояндаи маъруфи Шарқ: «Хушҳолам, ки Тоҷикистон истиқлол ва мардумаш озодӣ доранд…»

Сентябрь 9, 2017 09:17

 ДУШАНБЕ, 09.09.2017./АМИТ «Ховар»/. Андӣ Мададиён, ҳунарманди маъруфи Шарқ, ки дар Тоҷикистон низ маҳбубияти хосе дорад, чанд рӯз қабл дар шаҳри Москва, пойтахти Россия  ҳунарнамоӣ кард. Тавре агентии «Sputnik Тоҷикистон» навиштааст, қисми зиёди мухлисонро дар толор тоҷикон ташкил медоданд.

Ҳунарманди маъруф  дар сӯҳбати сарироҳие ба хабаринигори ин агентӣ    муҳаббат ва эҳтироми худро нисбати мардуми фарҳангдӯсти тоҷик изҳор дошта ва  ва гуфтааст, ки  кишвареро мисли Тоҷикистон надидааст, ки ин қадар ошиқи мусиқӣ ва фарҳанг бошад. Ҳунарпешаи маъруф зикр намудааст, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хушбахтона ба сар мебарад, аммо  ҳанӯз  умедвор аст, ки рӯзе фаро мерасад ва  аз ватананаш Эрон дидан мекунад. Вай гуфтааст: «Шумо, тоҷикон, мардуми аҷаб хушбахтед, ки истиқлол доред ва мусиқӣ дар фазои Тоҷикистон танинандоз аст».

  Андӣ дар идома афзудааст, ки муддати 37 сол аст, ки ба Эрон нарафтаам ва дилаш барои ватанаш танг шудааст.  «Зиндагии мо дар  Лос-Анҷелос хуб аст ва Амрико ба мо ин озодиро додааст, ки мусиқии форсӣ ва Эронро зинда нигаҳ дорем. Ва фарҳангамонро зинда нигаҳ дорем. Яъне ман ҳеҷ шикояте аз Амрико надорам», — иброз намудааст ӯ.

Анди-2Суҳбати хабарнигори «Sputnik Тоҷикистон» чунин идома ёфтааст:

 —  Мухлисонатон аз «Sputnik Арманистон» пурсиданд, ки сурудҳои армании шуморо мухлисони форсизабонатон чӣ гуна мепазиранд?

—  Ба назари ман, мусиқӣ ҳадду марз надорад. Ва муҳим нест, ки ба кадом забон- тоҷикӣ, форсӣ, арманӣ, англисӣ ва русӣ суруда мешавад. Ман хушҳолам, ки мусиқии маро чанде миллатҳо пазируфтаанд.

—  Андӣ сирри маваффақияти худро мегуфта бошад?

—  Ишқ ба мусиқӣ. Ман аз баччагӣ ошиқи мусиқӣ будам ва ҳамин ишқ боис мешавад, ки мардум садои маро эҳсос кунанд.

—  Аз ҳама суруди дӯстдоштаи Шумо кадом бошад?

—  Ҳаммаашро дӯст дорам. Вақте ки аз модарам мепурсидем, бачаҳоро кадомашро дӯст медоред, мегуфт бачаҳо мисли ангуштҳои дастанд, агар ҳар кадомашро бибуред, ба як андоза дард мекунад. Оҳангҳои ман ҳама фарзодони мананд.

—  Чӣ хотираҳо доред аз Тоҷикистон?

—  Хотираҳои хуб, хотираҳои мардум, Тоҷикистон, оҳанг мусиқӣ… ва ман фикр мекунам, ки мусиқии мо — форсӣ пайғоми сулҳ меорад.

—  Шумо ният доред, ки ба ватани мо ҳам ташриф оред?

—  Ман хело хушҳол мешавам, мунтазир мешавам он рӯзҳоро. Чанд бор ба Тоҷикистон омадам ва воқеан ошиқи Тоҷикистон ҳастам ва хушҳолам, ки Тоҷикистон истиқлол дорад ва мардумаш озодӣ доранд ва  хушҳоланд, ки  мусиқӣ гӯш мекунанд. Иншоллоҳ ки ҳамеша дар кишвари Шумо сулҳу сафо бошад.  Умедворам, ки ба зудӣ ба Тоҷикистон бармегардам ва дубора меравам ба Душанбе ва Хуҷанд.  Дилам мехоҳад дубора хотираҳоро зинда кунам.

—  Тоҷикистон ҷашни Истиқлол дорад, таманниёти Шумо дар ин рӯзи муқаддас ба мардуми тоҷик…

—  Муҳимтарин чизе, ки метавонам бигӯям: байни тамоми кишварҳое, ки ман мусофират меравам, дар  Тоҷикистон мардум ошиқи мусиқӣ ҳастанд, ҳатто Президент ташвиқ мекунанд, ки мардум рӯзи мусиқӣ дошта бошанд ва ман ҳамеша дар мусоҳибаҳоям  дар  Лос-Аҷелос аз мардуми Тоҷикистон ва ишқи эшон ба мусиқӣ сӯҳбат мекунам. Муҳимтарин чиз дар дунё ишқ ва истиқлол аст. Агар кишваре, ки озод бошад ва мардумаш озодона мусиқӣ гӯш кунанд, ин бузургтарин истиқлол аст.

 Анди-1

Сентябрь 9, 2017 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!