Анна Митянина дар маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Оташи абадӣ дар «Боғи Ғалаба» иштирок намуд

Сентябрь 26, 2017 12:22

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорону аҳли фарҳанги  Санкт-Петербург  дар маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Оташи абадӣ дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе иштирок намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмонон баъди гулгузорӣ тибқи барномаи тарҳрезишуда ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»  рафтанд.

Ёдовар мешавем, ки  дар доираи ин сафар панҷ нафар табибони  соҳаҳои гуногуни  шаҳри Санкт-Петербург — табиби саратоншинос Нуринисо Абдуллоева, анестезиолог-реаниматологҳо  Вячеслав Кулаков ва Артём Шетинин,  ҷарроҳи кӯдакона Татяна Патрикева, неонатолог Екатерина Харитонова   дар  Маҷмааи   тандурустии «Истиқлол»  бо ҳамкасбони душанбегии худ  дар   мавзӯи   навтарин дастовардҳои  илми тиб,  истифодаи онҳо дар таҷриба ва дигар масъалаҳои  ба он марбут мубодилаи афкор  намуда, бо ҳайати профессорону докторони тибби  маҷмааи мазкур, табибони  беморхона ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе  дарсҳои омӯзишӣ баргузор менамоянд. Ба ғайр аз ин табибони санкт-петербургӣ дар ин рӯзҳо қисман    ба аҳолии пойтахт кумаку машварати ройгони тиббӣ мерасонанд.

Ҳайати меҳмонон баъди вохӯрӣ дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» аз ёдгории  таърихӣ – «Қалъаи Ҳисор»  боздид менамоянд.

DSC_0463 DSC_0477

Сентябрь 26, 2017 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад