Ҳавопаймои АН-28 дар фазои Бадахшон ба мушкилоти техникӣ мувоҷеҳ гардид, вале, хушбахтона, касе осеб надид

Сентябрь 26, 2017 14:47

ДУШАНБЕ, 26.09.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои АН-28 дар хатсайри Хоруғ-Душанбе баъди парвоз ба мушкили техникӣ мувоҷеҳ гардида, дар фурудгоҳи Хоруғ муваффақона нишаст. Хушбахтона, аз мусофирони ҳавопаймо касе осеб надид.

Назар ба иттилои Азиз Хайруллоев, котиби матбуотии ширкати ҳавонавардии миллии  «Тоҷик-Эйр», маълум гардид, ки  баъди парвоз як муҳаррики ҳавопаймои АН-28 аз кор бозмондааст. Маҳз бо кордонии ҳайати сарнишинон ҳавопаймо беосеб ба фурудгоҳ нишасти изтирорӣ анҷом дод.

Тамоми мусофирони ҳавопаймои АН-28 –и  хатсайри Хоруғ-Душанбе  тавассути чархболи МИ-8  ба Душанбе парвоз карданд. Дар иртибот ба ҳодисаи бамаломада корҳои тафтиши техникӣ оғоз ёфтаанд.

Сентябрь 26, 2017 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад