Аврупо, АМА, Кувайт, Россия ва Қазоқистон имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таблиғ мекунанд
ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқу таблиғи он дар кишварҳои Аврупо, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Россия ва Қазоқистон намояндагони ширкатҳои сайёҳии ин давлатҳо ба кишвари мо омадаанд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонов иттилоъ дод, меҳмонон тибқи барномаи хатсайр аз 24 то 29 сентябри соли 2017 аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Айнӣ, Варзоб, Дарвоз ва шаҳрҳои Норак, Панҷакент, Ҳисор дидан менамоянд.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ «Сайёҳон» дар ҳамкорӣ бо ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенсӣ» рӯи кор омадааст.
Абдукарим Қурбонов ҳамзамон илова намуд, ки «ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ҳидоятҳои саривақтӣ ва созандаи Пешвои муаззами миллатро чун ҳамеша дастгирӣ намуда, бо дарки масъулияти баланд бобати омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб дар риштаи сайёҳии воридотӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар кўшиш ба харҷ медиҳанд».
Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи татбиқи маҷмўи чораҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан сода кардани тартиби воридшавӣ ба кишвар, аз байн бурдани монеаҳои маъмурии маҳдудкунанда, инчунин анҷом додани корҳои мақсадноки маркетингӣ, хусусан тавсеаи маводи таблиғотӣ оид ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ тибқи маълумоти оморӣ, марҳила ба марҳила нишондоди ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар зиёд гашта истодааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи муштараки ҳамкорӣ ба роҳ монданд.
Тибқи шартномаи ҳамкории ба имзорасида, дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар» (www.khovar.tj) ва Радиои «Ховар FM» рубрикаи нав таҳти унвони «Тоҷикистон –сарзамини сайёҳӣ» боз карда шуд. Ин тадбир бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва фароҳам овардани шароит баҳри рушди соҳа амалӣ мегардад.
Тибқи лоиҳаи мазкур минбаъд АМИТ «Ховар» дар ҳамбастагӣ бо масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои соҳаи сайёҳӣ, нуқтаҳо ва хатсайрҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ, ки барои сайёҳони хориҷӣ ҷолибанд, мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон, аз қабили қуллаҳои осмонбӯси Помир, дараҳои зебоманзар, ба мисли Варзобу Ромит, Балҷувон, қалъаи Ҳисор, кӯлҳову дарёҳои Тоҷикистон, аз ҷумла «Сарез»-у «Ҳафткӯл», «Искандаркӯл», пиряхҳову чашмаҳои мусаффои Тоҷикистон, истироҳатгоҳҳо ва обҳои шифобахш, меҳмонхонаҳои Тоҷикистон, мавзеъҳои беҳтарини шикор, таассуроти сайёҳони хориҷӣ, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва амсоли онҳо мавод таҳия намуда, тавассути рубрикаи махсус дар сомонаи агентӣ ва тавассути радио онро тарғибу ташвиқ менамояд.








Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»






