Аввалин воситаи таълим оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нашриёти «Контраст» — и шаҳри Душанбе аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр ба забони русӣ ба нашр расид. Муаллифи он доктори илмҳои таърих, мушовири калони Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода мебошад.
Китоби таълимӣ аз чор боб иборат буда, давраи аз соли 1991 то соли 2017 – ро дар бар мегирад.
Дар ин асар иқтидори сиёсати хориҷии кишвар, таҳаввулоти доктринаи он, хусусиятҳои механизми қабули тасмимот дар ин бахши фаъолияти давлат ва ҳадафу самтҳои дипломатияи иқтисодии тоҷик мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.
Воситаи таълимӣ барои омўзгорон, унвонҷўён ва донишҷўён муфид хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






