Аввалин воситаи таълим оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба нашр расид

Сентябрь 18, 2017 15:55

ДУШАНБЕ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нашриёти «Контраст» — и шаҳри Душанбе аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр ба забони русӣ ба нашр расид. Муаллифи он доктори илмҳои таърих, мушовири калони  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода мебошад.

Китоби таълимӣ аз чор боб иборат буда, давраи аз соли 1991 то соли 2017 – ро дар бар мегирад.

Дар ин асар иқтидори сиёсати хориҷии кишвар, таҳаввулоти доктринаи он, хусусиятҳои механизми қабули тасмимот дар ин бахши фаъолияти давлат ва ҳадафу самтҳои дипломатияи иқтисодии тоҷик мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Воситаи таълимӣ барои омўзгорон, унвонҷўён ва донишҷўён муфид хоҳад буд.

Сентябрь 18, 2017 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст