Ба кормандони соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб зарурати тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаҳмонида шуд
ДУШАНБЕ, 13.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шарҳу тавзеҳи он 12 сентябри соли 2017 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо кормандони соҳаи маориф вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Ашурзода, муовини директори Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, вобаста ба риоя нагардидани талаботи қонуни мазкур, махсусан дар аксар ҳолатҳо аз ҷониби шахсони мансабдор, кормандони ҳукумат, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ҷамоатҳо, хизматчиёни давлатӣ, инчунин берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона гузаронидани маъракаҳои дабдабанок ва вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо сухан гуфтанд.
Чунин вохӯриҳо минбаъд низ идома дошта, аз тарафи гурӯҳҳои корӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб бо қишрҳои гуногуни ҷомеа доир карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






