Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм

Сентябрь 4, 2017 16:05

ДУШАНБЕ, 04.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба омода намудан ва гузаронидани Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ баргузор гардид.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, гурӯҳи кории мазкур бо қарори Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таъсис дода шудааст.

Инчунин зикр гардид, ки зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм (ҚД/МТ), аз ҷумла, тасдиқи лоиҳаи ҳисоботе, ки аз ҷониби Гурӯҳи корӣ бо кумаки Бонки Рушди Осиё омода шудааст ва нақшаи корҳои минбаъда оид ба идора ва паст намудани хавфҳои ошкоршудаи ҚД/МТ баррасӣ гардиданд.

Уҳдадорӣ вобаста ба муайян намудан ва баҳо додани хавфи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, тақсими захираҳо бо мақсади коҳиш додани ин хавфҳо дар тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) муқаррар шудааст. Дар заминаи ин баҳогузорӣ зарур аст, ки кишварҳо бо истифода аз хавфҳои нигаронидашуда чораҳои пешгирии ҚД/МТ-ро ба хавфҳои ошкоршуда мувофиқ созанд.

Сентябрь 4, 2017 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд