БА ВАТАН ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! Афзоиши сафи ихтиёриён барои хизмат дар артиши Тоҷикистон аз ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонони бонанг дарак медиҳад
ДУШАНБЕ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябри соли равон дар Кохи афсарони Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиши миллӣ баргузор гардид.
Муовини Сарвазир иттилоъ дод, ки хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ- ин вазифа ва қарзи ҳар як шаҳрванди ба ору номус буда, ҳимояи марзу буми кишвар аз вазифаҳои муқаддаси ҷавонон ба шумор меравад.
Хушбахтона, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ маросими ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар ду соли охир 7-13 рӯз пештар аз муҳлати пешбинишуда ба анҷом мерасад. Ин нишондиҳанда, аз ҷумла аз баланд гардидани масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонони бонангу номуси кишвар дарак медиҳад.
Аз комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳои Мухтори кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки ҷавонон асосан барои хизмат дар сафи артиши миллӣ омодаанд ва ин маросим то 15 ноябри соли равон пурра ба анҷом мерасад.
Тибқи маълумоти комиссарони ҳарбӣ, аллакай зиёда за 1300 нафар ҷавонони бонангу номус омодаанд ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шаванд. Мавриди зикр аст, ки шаҳри Душанбе дар мавсими даъвати баҳорӣ намунаи ибрат буд.
Муовини Сарвазир махсус зикр кард, ки баъзан ҳолатҳои номатлуби ба таври иҳотагирӣ ва маҷбурӣ ба сафи артиши миллӣ овардани ҷавонон дар воситаҳои ахбори омма нашр мегарданд ва воқеият нишон медиҳад, ки онҳо на ҳама вақт тасдиқи худро меёбанд.
Новобаста аз ин ҳолат ба Сарпрокурори ҳарбӣ супориш дода шуд, ки назоратро ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани чунин ҳолатҳои номатлуб дар доираи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монанд ва ҷавононро ба сафи артиши миллӣ танҳо бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ва бедор кардани нангу номуси ватандӯстиву ватанпарварӣ ҷалб намоянд.
Дар интиҳо муовини Сарвазир ба Вазорати мудофиа супориш дод, ки маълумотро вобаста ба ҷараёни иҷрои даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ мунтазам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






