БА ЗИМИСТОН ОМОДА МЕШАВЕМ. Дар минтақаи Кӯлоб иншооти барқӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд

Сентябрь 27, 2017 15:17

КӮЛОБ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло корҳои омодагӣ баҳри бе мушкилӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018  дар ҳамаи корхонаю ташкилот ва муассисаҳо идома доранд. Шабакаҳои барқии минтақаи Кўлоб то имрӯз тамоми иншооти барқиро аз таъмири асосӣ бароварда, миқдори муайяни таҷҳизоти заруриро захира кардаанд. Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб ҳамаи шаҳру ноҳияҳои минтақа ва ду  ноҳияи минтақаи Раштро бо барқ таъмин менамоянд. Ба хотири бомуваффақият паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 кормандони шабакаҳои барқӣ бо дастгирии Ширкати  холдингии  “Барқи Тоҷик” трансформатору дигар таҷҳизоти барқиро дар анборҳо захира намуда, зеристгоҳ ва иншооти барқии дар тавозунашон бударо таъмир доранд. Ба гуфти масъулин, онҳо имсол корҳои таъмириро нисбат ба солҳои пешин барвақттар оғоз намуда, бо дастрасӣ ба қисмҳои эҳтиётӣ тавонистанд 90%-и зеристгоҳҳоро барои фаъолияти мунтазам омода созанд.

Дар шаҳри Кӯлоб зеристгоҳи нав ба истифода дода шуд, ки талафоти барқро коҳиш ва сарбории зеристгоҳҳоро кам намуд. Айни замон зеристгоҳи Хатлон, ки бо муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз  шуда, аз ҷониби мутахассисони ҷавон идора мешавад, аҳолиро бо барқи хушсифат таъмин менамояд.

Бино ба иттилои кормандони шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб, ҳоло корҳои таъмирӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистон идома доранд. Дар ин давра навбатдории шабонарӯзӣ, бригадаҳои иловагӣ ташкил карда шуда, сокинон бо барқ таъмин мегарданд.

Сентябрь 27, 2017 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад