БА ЗИМИСТОН ОМОДА МЕШАВЕМ. Дар вилояти Суғд 102 нуқтаи фурӯши ангишт ва 406 нуқтаи гази моеъ ташкил гардид

Сентябрь 26, 2017 16:52

ХУҶАНД, 26.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» аз  ҷониби сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Суғд корҳои омодагӣ идома доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  Озифхон Шарифзода иттилоъ дод, барои иҷрои дастури мазкур ситоди вилоятӣ таъсис шудааст. Баҳри дастрасии саривақтии сокинон ба маводи сӯхт дар миқёси вилоят 102 нуқтаи фурӯши ангишт ва 406 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият доранд. Ҳамчунин дар давоми 8 моҳи соли равон дар конҳои ангишти вилояти Суғд 875,2 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шуда, аз ҷониби коргоҳҳои ангиштканӣ бо ташкилоту муассисаҳо барои дастрас намудани ангишт шартнома баста шудааст.

Бо   мақсади бо гармӣ таъмин намудани муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо барои барқарор намудани дегхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар маҷмӯъ 3474,6 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. То 5 сентябри соли равон 40 шабакаи гармидиҳии марказонидаи муассисаҳои тандурустии вилоят ва 255 дегхона дар муассисаҳои таълимии вилоят дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Ба гуфти Озифхон Шарифзода, ғайр аз ин, баҳри таъмин намудани ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои субвенсионии вилоят бо ангишт ва ҳезум, чун Истиқлол, Ашт, Деваштич, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ,  аз буҷаи вилоятӣ  1 миллиону 346 ҳазору 091 сомонӣ ҷудо гардидааст. Умуман, барои пардохти маблағи ангишт аз ҳисоби буҷети шаҳру ноҳияҳо 6,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳоло то 18 сентябри соли равон дар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, маориф 12354,1 тонна (100,8%) ангишт ва 6194 м3 (100,1%)ҳезум,  тандурустӣ — 3494 тонна (99,5%) ангишт ва 1327 м3 (88%) ҳезум ва муассисаҳои соҳаи фарҳанги вилоят 174,4 тонна (88%) ангишт ва 164,5 м3(87%) ҳезум захира гардида, ҳамзамон дар муассисаҳои соҳаи маориф 628 адад ва тандурустӣ 251 адад генераторҳои барқӣ низ омода карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, то 5 сентябри соли равон дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят низ захираи маводи зиддилағзиш 82 фоизро ташкил дода, дар 14 муассисаи роҳдории шаҳру ноҳияҳо омодасозии 124 адад техникаи роҳдорӣ барои фаъолият дар мавсими тирамоҳу зимистон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин ҷиҳати фаъолияти мунтазам ва самарабахши низомҳои барқӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аз ҷониби шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ таъмири истгоҳу зеристгоҳҳои барқӣ идома дорад.

Сентябрь 26, 2017 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд