Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ: «Луғати мунтахаби калимаҳои хоси шева» ва «Забони ман-ҷаҳони ман» пешкаши алоқамандони соҳаи забоншиносӣ гардиданд

Сентябрь 30, 2017 10:03

ДУШАНБЕ, 30.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи  забони давлатӣ бо ташаббуси  шуъбаи забони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А. Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои «Системаи лексикаи лаҳҷавии забони тоҷикӣ», «Луғати мунтахаби калимаҳои хоси шева», «Забони ман-ҷаҳони ман», «Очерки забони дарии Афғонистон» ва «Сарбаланди баландиҳои илм», ки ба қалами забоншиноси тоҷик, доктори илми филология, профессор, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника Ғаффор Ҷӯраев тааллуқ доранд, ба нашр расиданд.

Тавре олими тоҷик Ғаффор Ҷӯраев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар китоби «Системаи лексикаи лаҳҷавии забони тоҷикӣ» бори нахуст тадқиқоти марбутаи лексикаи лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ҷамъбаст гардида, ба самти нави пажӯҳишҳо дар лаҳҷашиносии тоҷик-лексикологияи минтақавӣ ибтидо гузошта шудааст. Муаллиф дар ин асар таркиби луғати лаҳҷаро ҳамчун низоми яклухт баррасӣ намуда, заминаҳои ташаккули онро дар мисоли маводи шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ нишон додааст.

Дар китоби «Луғати мунтахаби калимаҳои хоси шева» бори аввал ба ҳадди имкон калимаҳои хоси шеваи забони тоҷикӣ дар мисоли лаҳҷаҳои ҷануб ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ҷамъоварӣ гардида, барои истифода дар дарсҳои амалии донишҷӯён аз фанни шевашиносӣ пешниҳод шудаанд. Дар таълифи ин китоб олимони дигари тоҷик М. Маҳмудов ва С. Қурбонов низ саҳм гузоштаанд.

«Забони ман-ҷаҳони ман» баъзе масъалаҳои забоншиносии имрӯзаи тоҷикро, ки ба рушди забони давлатӣ алоқаманданд, мавриди чашмандозии муаллиф қарор додааст.

Дар рисолаи «Очерки забони дарии Афғонистон» дар бораи дараҷаи омӯзиш, сохтори сарфию наҳвӣ ва таркиби луғати забони дарии Афғонистон маълумот дода мешавад.

Ба андешаи профессор Ғаффор Ҷӯраев, ин асарҳо барои забоншиносон, лаҳҷашиносон, мутахассисони таърихи забон ва алоқамандони соҳаи забоншиносӣ низ ҷолиб мебошанд.

Сентябрь 30, 2017 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад