Баррасии ёдгориҳои бостонии гузаргоҳи Фарғона-Сирдарёи Роҳи абрешим дар Тошканд
ДУШАНБЕ, 19.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон ҷаласаи зерминтақавии «Рушди стратегияи мудирият оид ба мероси ҷаҳонии гузаргоҳи Фарғона-Сирдарёи Роҳи абрешим дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷаласа аз ҷониби Дафтари ЮНЕСКО дар Тошканд ва Дафтари ЮНЕСКО дар Алма-Ато ташкил гардида, дар он масъалаҳои раванди пешниҳоди бахшҳои зерминтақавии мероси ҷаҳонии «Роҳи абрешим» баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур гурўҳи коршиносони миллӣ дар ҳайати сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев, сардори шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Сайфуллоев таҳти роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода намояндагӣ карданд.
Дар ҷаласа инчунин коршиносони миллӣ аз Белгия, Корея, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Чин, Япония ва Дафтари Юнеско дар Париж иштирок намуданд.
Боиси зикр аст, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳи Фарғона-Сирдарёи Роҳи абрешим ёдгориҳои бостонӣ-меъмории Қалъаи Хуҷанд, Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, ёдгориҳои бостонии болооби Сирдарё, тасвирҳои рўисангии канори шаҳри Хуҷанд ва ёдгориҳои бостонии ноҳияи Ашт муаррифӣ гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






