Бинои нави дафтари Котиботи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои татбиқи «Стратегияи миллии идора намудани сарҳад» ба истифода дода шуд

Сентябрь 14, 2017 16:55

ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бинои нави дафтари Котиботи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои татбиқи «Стратегияи миллии идора намудани сарҳад» ба истифода дода шуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод, зимни ифтитоҳи бино муовини якуми Раиси КДАМ ҶТ генерал-майор Мансур Умаров ҳамчун роҳбари гурӯҳи ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои татбиқи Стратегия иброз намуд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти кишвар ва сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса  зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз таҳким ва муҳофизати сарҳади давлатӣ вазифаи асосӣ ва аввалиндараҷаи ҳар яки мо ба шумор меравад».

Зикр гардид, ки Стратегияи мазкур дар доираи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти миллӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва иқтисодӣ таҳия шуда, ҷиҳати таъмини сулҳу субот, амнияти давлат ва шаҳрвандони он, дастгирии муносибатҳои сулҳомез ва дӯстона бо дигар давлатҳо, инчунин сода намудани тиҷорати наздисарҳадӣ равона гардидааст.

DSC_2232Бино ба гуфтаи Мансур Умаров, дар тӯли 7 соли амали Стратегияи миллӣ дар ҳамкорӣ бо давлатҳои маблағгузор ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар таҳкими бехатарӣ ва мустаҳкам намудани сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.

Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти қудратӣ,  корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байнамилалӣ ва аъзои Гурӯҳи ҳамоҳангсоз иштирок доштанд.

Коршиносони байналмилалӣ аз давраи таҳия ва қабул гардидани Стратегия ёдовар шуда, ҳамзамон аз таассуроти худ ва натиҷаҳои сафар ба минтақаҳои сарҳадии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ оид ба дастовардҳои Ҳукумати кишвар дар самти мустаҳкам намудани сарҳад, сохтмони гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва дигар иншооти зарурии сарҳад маълумот доданд. Онҳо корҳои анҷомдодаро яке аз масъалаҳои муҳими иҷрои Стратегия ва нақшаи амалисозии он зикр намуда, пурра ба анҷом расонидани онро муҳим арзёбӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии идора намудани сарҳад» ва нақшаи иҷрои он бо мақсади такмил додани чораҳо оид ба муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд.

Сентябрь 14, 2017 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд