Бонки миллӣ: барориши нахустини қоғазҳои қиматноки давлатии ҷумҳурӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ муваффақона анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон муаррифии барориш ва фурӯши қоғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 500 млн. доллари ИМА барои идомаи сохтмони НБО «Роғун» бо муваффақият таъмин намуд.
Тавре аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд, гурӯҳи кории коршиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» бо сармоягузорони бузурги давлатҳои ИМА, Англия ва Швейтcария як зумра вохӯриҳо гузаронида, барориш ва фурӯши қоғазҳои қиматноки давлатиро муаррифӣ намуданд.
Зимни гуфтушунидҳо намояндагони ширкатҳои сармоягузорӣ ба як зумра масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, тамоюли рушди иқтисодӣ, ҳаҷми касри буҷети давлатӣ ва меъёри қарзи берунӣ, вазъи низоми бонкӣ, ҷараёни корҳо ва нақшаи маблағгузории НБО «Роғун», ҷараёни татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000, ислоҳот дар соҳаи энергетика, раванди гуфтушунидҳо бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар ин вохӯриҳо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» вомбаргҳои давлатиро бо муваффақият ба бозор пешниҳод намуданд.
Инчунин зикр гардид, ки зимни вохӯрӣ ва муҳокимарониҳо бо сармоягузорони байналмилалӣ имкон фароҳам омад, ки тавачҷуҳи сармоягузорон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардад. Дар натиҷа пешниҳоди хариди вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорон то ба 4,5 миллиард доллари ИМА зиёд гардида, пас аз гузаронидани гуфтушунидҳо, фоизи даромаднокии купони вомбаргҳо аз 8% то ба 7,125% солона коҳиш дода шуд ва вомбаргҳои давлатӣ дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА ба бозори молиявии ҷаҳонӣ бароварда шуданд.








Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид






