Бонки миллӣ: барориши нахустини қоғазҳои қиматноки давлатии ҷумҳурӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ муваффақона анҷом ёфт

Сентябрь 18, 2017 12:43

ДУШАНБЕ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон  муаррифии барориш ва фурӯши қоғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 500 млн. доллари ИМА барои идомаи сохтмони НБО «Роғун» бо муваффақият таъмин намуд.

Тавре аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд, гурӯҳи кории коршиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк»  бо сармоягузорони бузурги давлатҳои ИМА, Англия ва Швейтcария як зумра вохӯриҳо гузаронида, барориш ва фурӯши қоғазҳои қиматноки давлатиро  муаррифӣ намуданд.

Зимни гуфтушунидҳо намояндагони ширкатҳои сармоягузорӣ ба як зумра масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, тамоюли рушди иқтисодӣ, ҳаҷми касри буҷети давлатӣ ва меъёри қарзи берунӣ, вазъи низоми бонкӣ, ҷараёни корҳо ва нақшаи маблағгузории НБО «Роғун», ҷараёни татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000, ислоҳот дар соҳаи энергетика, раванди гуфтушунидҳо бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

БМТ1Бояд зикр намуд, ки  дар ин вохӯриҳо  намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» вомбаргҳои давлатиро бо муваффақият ба бозор пешниҳод намуданд.

Инчунин зикр гардид, ки зимни вохӯрӣ ва муҳокимарониҳо бо сармоягузорони байналмилалӣ имкон фароҳам омад, ки тавачҷуҳи  сармоягузорон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардад. Дар натиҷа пешниҳоди хариди вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорон то ба 4,5 миллиард доллари ИМА зиёд гардида, пас аз гузаронидани гуфтушунидҳо, фоизи даромаднокии купони вомбаргҳо аз 8% то ба 7,125% солона коҳиш дода шуд ва вомбаргҳои давлатӣ дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА ба бозори молиявии ҷаҳонӣ бароварда шуданд.

 

Сентябрь 18, 2017 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад
Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд
«Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ оғоз гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад