БОНУВОН ДАР ТИҶОРАТ. Шумораи заноне, ки роҳбари хоҷагиҳои деҳқониянд, дар мамлакат 6 маротиба афзудааст

Сентябрь 26, 2017 13:46

ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба ифтитоҳи  Барномаи «Бонувон дар тиҷорат» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиш доир гардид. Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баргузор шуда, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, бонувони соҳибкор, ташкилотҳои хориҷӣ ва шарикони рушд, ки бештарашон аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ дар назди Кумитаи давлатии   сармоягузорӣ ва  идораи амволи давлатӣ мебошанд, иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки саҳми бонувони тоҷик дар шумораи  умумии субъектҳои соҳибкории  мамлакат  имрӯз 27 фоизро ташкил медиҳад ва бештари занон ба соҳибкории инфиродӣ машғул мебошанд.

Тавре мушовири калони иқтисодии котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Манучеҳра Маҷонова зикр намуд, «ҳамоиши имрӯза ба ифтитоҳи Барномаи «Бонувон дар тиҷорат» бахшида шуда, аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ карда мешавад. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд яке аз шарикони боэътимоди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар мамлакат  яке аз самтҳои муҳими ислоҳотро дастгирӣ менамояд».

Занони сохибкорДар ҳамоиш гуфта шуд, ки  имрӯз бонуи тоҷик дар баробари дигар самтҳои фаъолият соҳибкори муваффақ ҳам мебошад. Ҳамзамон дар кишвар рӯз ба рӯз шумораи занони соҳибкоре, ки роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро бар уҳда доранд, зиёд мешавад. Дар муқоиса ба соли 2010 имрӯз шумораи  роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар мамлакат 6 маротиба афзудааст. Ин рақам 25 фоизи тамоми хоҷагиҳои деҳқонии фаъолияткунандаро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, барномае, ки дар ин ҳамоиш ифтитоҳ гардид, ба масъалаи тавсияи дастрасии бонувон  ба воситаҳои молиявӣ бахшида шуда буд.

 

Сентябрь 26, 2017 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад