Боздиди ҳайати фарҳангӣ-соҳибкории Душанбе ва Санкт-Петербург аз хизматрасониҳои тиббӣ дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”
ДУШАНБЕ, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари ноиби Губернатори шаҳри Санкт-Петербург Анна Митянина ба Тоҷикистон 26 сентябр ҳайати фарҳангӣ-соҳибкории Душанбе ва Санкт-Петербург бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва ноиби Губернатори шаҳри Санкт-Петербург Анна Митянина ба Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” рафта, бо вазъи хизматрасонии ин муассисаи тандурустӣ шинос шуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, меҳмонон аз қисми ташхисгоҳ, ҳуҷраи томографияи компютерӣ ва рентген, ҳуҷраи техникӣ, ҳуҷраи муоинаи маммографӣ, идорагоҳ, шуъбаи ангиография, қисми ҷарроҳии нақшавӣ, ҳуҷраи баъд аз ҷарроҳӣ, толори осебшиносию радодӣ, толори ҷарроҳии асаб, толори ҷарроҳии умумӣ, ҳуҷраи ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, шуъбаи наҷот ва муолиҷаҳои оҷил, толори варзишӣ, ташхиси фаросавтӣ, озмоишгоҳи клиникӣ ва биокимиёвӣ, инчунин аз қисми таваллудхона ва қисми соматикии кӯдакона дидан намуданд.
Зимни боздид Анна Митянина дастгоҳу таҷҳизоти тиббии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-ро нодир муаррифӣ намуда, ба вазъи хизматрасонии он баҳои баланд дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






