Боздиди ҳайати кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия аз шаҳраки саноатӣ дар Анқара

Сентябрь 14, 2017 11:18

ДУШАНБЕ, 14.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба мақсади шиносоӣ ва омӯзиши таҷрибаи фаъолияти шаҳракҳои саноатӣ дар кишвари иқомат аз Шаҳраки саноатии рақами 1-и шаҳри Анқара боздид намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни боздид мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Раиси ин шаҳраки саноатӣ Айҳан Гокмен баргузор гардид. Дар раванди мулоқот дар баробари дарёфти маълумоти фарогир оид ба таҷрибаи Шаҳрак, ҳамзамон дар робита ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкории судманд миёни шаҳраки саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.

Ҳарду ҷониб дар ин замина сафари ҳайатҳои соҳибкорони ду кишварро бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ҳамдигар, баррасии имконияти ҳамкорӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таъсиси корхонаҳои муштарак, ворид намудани технологияи нав ва афзоиши гардиши мол муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои оғози ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди манфиат изҳор намуда, ба зарурати тақвияти ҷанбаи амалии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таъкид намуданд.

Ҳайати Сафорат ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои алоҳидаи коркарди алюминий, истеҳсоли маҳсулоти плостикӣ, мебел ва дигар корхонаҳо шинос шуд. Шаҳраки саноатии рақами 1 яке аз даҳ шаҳраки саноатии шаҳри Анқара мебошад, ки иқтидори солонаи иқтеҳсолии он ба 6 млрд. доллари ИМА баробар аст.

Сентябрь 14, 2017 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд