Боздиди ҳайати ҳунарии Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия аз шаҳри Қӯрғонтеппа
ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз намояндагони ҳайати ҳунарии Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон сафар намуданд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, меҳмононро дар маркази шаҳр — назди теппаи Қӯрғон мардуми шаҳр таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода бо нону намак ва гулу гулдастаҳо таҳти навои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Истиқболи гарму самимии аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа рӯҳияи ҳайати ҳунарии Рўзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ҳунармандони Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан»-ро болида гардонид. Онҳо аз рақси зебову садои дилнишини доираву карнаю сурнай ба ваҷд омада, таҳти навои тоҷикӣ ба рақс даромаданд.
Сипас меҳмонон ба Театри мусиқӣ – мазҳакавии вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонов роҳ пеш гирифтанд.
Директори Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан», Артисти халқии Федератсияи Россия Руслан Тедеев зимни суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон иброз дошт, ки «аз истиқболи самимии мардуми шаҳри Қӯрғонтеппа ниҳоят шодем. Ҳунарпешаҳои ансамбли «Алан» мафтуни табиати зебову меҳмоннавозии тоҷикон шуда, зикр намуданд, ки мо худро дар хонаи хешу табори худ эҳсос карда истодаем».
Қабл аз шурӯи консерти Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки: «мардуми тоҷик ва русро риштаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд, вале барои мо муҳимтар аз ҳама, муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстонаро бо ҳамаи кишварҳо ба роҳ мондаанд, хусусан бо Федератсияи Россия, ки шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо умед дорем, ки ин рӯзҳои фарҳангӣ барои боз ҳам муттаҳид гардидани мардумони тоҷику рус ва ба роҳ монданм муносибатҳои дӯстона дар ҳамаи соҳаҳо заминаи устувор мегузоранд».








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






