Charities Aid Foundation мавқеи Тоҷикистонро дар Шохиси ҷаҳонии кумакҳои хайрия 27 зина беҳтар нишон дод
ДУШАНБЕ, 06.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди кумакҳои хайрия (Charities Aid Foundation) дар раддабандии нави Шохиси ҷаҳонии кумакҳои хайрия мавқеи Тоҷикистонро 27 зина беҳтар нишон додааст.
Бунёди кумакҳои хайрия (Charities Aid Foundation) таҳиякунандаи рейтинг ба шумор рафта, ин маълумотро 5 сентябр дар ҳисоботи худ нашр намуд. Тоҷикистон дар ин раддабандӣ миёни 139 кишвари ҷаҳон мақоми 50-умро касб мекунад.
Тибқи раддабандӣ, мизони хайрхоҳӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама беҳтар дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон будааст. Ӯзбекистон дар зинаи 38-ум, Туркманистон дар ҷойи -69, Қирғизистон — 85 ва Қазоқистон дар мақоми 87-ум қарор доранд.
Раддабандии Бунёди кумакҳои хайрия бар асоси се меъёр — додани кумаки молӣ, мадади беғаразона ва ёрӣ ба бегонаҳо таҳия мешавад.
Бунёди кумакҳои хайрия (Charities Aid Foundation), қароргоҳаш дар Британияи Кабир, бузургтарин маркази таҳқиқотӣ аст, ки хайрхоҳиро миёни кишварҳои ҷаҳон шурӯъ аз соли 2010 таҳқиқ ва раддабандӣ менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






