Дар Алмаато масъалаи омодасозии мутахассисон оид ба пешгирии ҷиноятҳои тавассути воситаҳои коммуникатсионӣ ва иттилоотӣ содиршаванда баррасӣ гардид

Сентябрь 22, 2017 12:17

ДУШАНБЕ, 22.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон машварати навбатии роҳбарони муассисаҳои таълимии махсуси Ассотсиатсияи мактабҳои олии Вазорати корҳои дохилӣ ва политсияи давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид. Ҷумҳурии моро дар машварат сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Шарифзода намояндагӣ намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони Академияи идоракунии Федератсияи Россия, Академияи ВКД ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон ширкат доштанд.

Зимни машварат масъалаҳое, ки имрӯз дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ оид ба омода намудани мутахассисон ҷой доранд, баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти ошкор ва пешгирии ҷиноятҳое, ки тавассути воситаҳои техникаи коммуникатсионӣ ва иттилоотӣ содир мешаванд ва нарасидани мутахассисон дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба он таклифҳои судманд пешниҳод гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар машварат байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ ба имзо расонида шуд.

Сентябрь 22, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст