Дар аввалин рӯзи фасли тирамоҳ гармии ҳаво дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба 37 дараҷа мерасад

Сентябрь 1, 2017 11:32

ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 1 сентябр, дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат  ба 37 дараҷа мерасад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 10-15, рӯзона 25-30 дараҷа ва дар шарқи ҳамин вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад.

Ҳаво дар  вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 31-36 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона  33-38 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шабона 12-14 ва рӯзона 35-37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Сентябрь 1, 2017 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад