Дар беморхонаи шаҳри Хоруғ шуъбаи гемодиализ кушода шуд

Сентябрь 11, 2017 09:29

ХОРУҒ, 11.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаи шаҳри Хоруғ шуъбаи гемодиализ кушода шуд.

Ба иттилои сардухтури беморхонаи мазкур Саидбек Давлтабеков, шуъба бо дастгоҳи гемодиализатор, ки 570 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, таъмин карда шудааст.

Ба иттилои масъулин, чунин дастгоҳ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ ду ададро ташкил медиҳад. Вазифаи асосии он тоза кардани хуни беморони мубтало ба дарди шадиди гурда мебошад.

Зимни  ифтитоҳи шуъбаи гемодиализ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз пешрафти соҳаи тандурустӣ дар даврони 26 соли истиқлолият ёдовар шуда, баён дошт, ки дар ин муҳлати кӯтоҳ дар вилоят 38 лоиҳаи хурду бузург маблағгузорӣ гардиданд. Ҳоло сохтмони бинои беморхонаи рӯҳӣ ва диспансери наркологӣ дар ноҳияи Роштқалъа, беморхонаи чорошёна дар ноҳияи Шуғнон бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва дар назар аст, ки то охири ҳамин сол ин биноҳо мавриди истифода қарор гиранд.

Сентябрь 11, 2017 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд