Дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамкории гумрукӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 21.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамкории гумрукӣ бо иштироки намояндагони 11 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ ҷараён дорад. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа зикр гардид, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо рушди муътадили худ дар тағйироти сиёсию иқтисодии ҷаҳон нақши муҳим доранд.
Кумитаи ҳамкории гумрукӣ барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкории гумрукӣ ва содагардонии муомилот байни кишварҳои узв тадбирҳои зарурӣ меандешад ва ин боиси тақвият ёфтани ҳамкории судманд байни давлатҳои аъзо мегардад.
Дар ҳамин замина ва тақвияти ҳамкории гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи додугирифти молу маҳсулот ва нақлиёт созишномаи байниҳукуматии дуҷониба ба имзо расонида, ҳамчунин бо ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва кумак дар фаъолияти гумрукӣ низ созишномаи ҳамкорӣ дорад.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар ояндаи наздик чунин созишнома бо Ҷумҳурии Мардумии Чин низ ба имзо расонида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаи мазкур дар шаҳри Душанбе то 22 сентябр идома меёбад.













Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






