Дар Душанбе фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба нархгузорӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба нархгузорӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Акрам Муъминзода, мудири кулли Муассисаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузорӣ дар мавзӯи «Танзими давлатии фаъолияти нархгузорӣ, ҳадаф, вазифа ва нақши он дар рушди фаъолияти нархгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориш дода, зикр намуд, ки Шӯрои машваратӣ оид ба фаъолияти нархгузорӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти байниидоравии машваратӣ ва ҳамоҳангсоз буда, самти он ба беҳбуд бахшидани ҳамоҳангсозӣ оид ба таъмини меъёрӣ –методии нархгузорӣ ва омодасозии пешниҳод дар соҳаи танзими фаъолияти нархгузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Зикр шуд, ки рисолати Шӯрои машваратӣ оид ба фаъолияти нархгузорӣ аз таъмини ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, нархгузорони амалкунанда ва ташкилотҳои илмӣ, омодасозӣ ва пешниҳод ҷиҳати такмили санадҳои ҳуқуқӣ иборат аст. Ҳайати Шӯрои машваратӣ оид ба нархгузорӣ аз намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, назири Вазорати иқтисод ва савдо, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, инчунин намояндагони ширкатҳои мустақил ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар Тоҷикистон ба фаъолияти нархгузорӣ машғуланд, иборат мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти нархгузорӣ фаъолияти соҳибкорист, ки аз ҷониби субъектҳо нархгузорӣ
мегардад ва ба муайян намудани нархи бозор ё арзиши дигари объект дар санаи муайян равона гардидааст.
Зимни муаррифии фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба нархгузорӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки нархгузорӣ дар танзими тамоми муносибатҳои иқтисодӣ нақши муассир мебозад.










35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд






