Дар Душанбе фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба нархгузорӣ муаррифӣ гардид

Сентябрь 21, 2017 09:09

ДУШАНБЕ, 21.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри  Душанбе фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба  нархгузорӣ дар назди Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи   амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Акрам Муъминзода, мудири кулли Муассисаи  воҳиди давлатӣ оид ба нархгузорӣ дар мавзӯи  «Танзими  давлатии фаъолияти  нархгузорӣ, ҳадаф, вазифа ва нақши он дар рушди  фаъолияти нархгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориш  дода,  зикр намуд, ки Шӯрои машваратӣ оид ба фаъолияти нархгузорӣ  дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти  байниидоравии  машваратӣ ва ҳамоҳангсоз буда, самти он ба беҳбуд бахшидани ҳамоҳангсозӣ оид ба  таъмини меъёрӣ –методии нархгузорӣ ва омодасозии пешниҳод  дар соҳаи танзими фаъолияти нархгузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Зикр шуд, ки рисолати Шӯрои  машваратӣ оид ба фаъолияти нархгузорӣ  аз  таъмини ҳамкории  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, нархгузорони амалкунанда  ва ташкилотҳои илмӣ,  омодасозӣ ва пешниҳод ҷиҳати такмили санадҳои  ҳуқуқӣ  иборат аст. Ҳайати  Шӯрои машваратӣ оид ба нархгузорӣ аз намояндагони вазорату идораҳои  марбутаи кишвар, назири Вазорати иқтисод ва савдо, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии  идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, инчунин намояндагони  ширкатҳои мустақил ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар Тоҷикистон ба фаъолияти нархгузорӣ машғуланд, иборат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки  фаъолияти нархгузорӣ фаъолияти соҳибкорист, ки  аз ҷониби субъектҳо  нархгузорӣ
мегардад ва ба муайян намудани  нархи бозор ё арзиши дигари  объект  дар санаи  муайян  равона гардидааст.

Зимни муаррифии фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба  нархгузорӣ дар назди Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи   амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки  нархгузорӣ дар танзими тамоми  муносибатҳои иқтисодӣ нақши муассир мебозад.

нахргузори-1 нахргузори3

Сентябрь 21, 2017 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад