Дар Душанбе воситаи таълимии «Кори иҷтимоӣ бо мубталоёни ВНМО» муаррифӣ гардид

Сентябрь 29, 2017 09:50

ДУШАНБЕ, 29.09.2017 /АМИТ  «Ховар»/. Дирӯз дар Душанбе воситаи таълимии «Кори иҷтимоӣ бо мубталоёни бемории масунияти норасоии инсон (ВНМО)» муаррифӣ гардид.  Қурбон Гиёев, мудири  кафедраи кори иҷтимоии факултаи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, ки воситаи таълимӣ   бо дастгирии Созмони Миллали Муттаҳид  дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ)  дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Беҳтар намудани  хизматрасонии иҷтимоӣ ва сифати таълим дар соҳаи кори иҷтимоӣ дар доираи ВНМО»   дар зарфи ду сол омода гардидааст.

Ҳадаф аз таҳияи  воситаи таълимӣ омода намудани мутахассисони варзида дар бахши кор бо гирифторони бемории  масунияти норасоии инсон мебошад.

Таъкид шуд, ки барномаи мазкур аз ҷониби  донишҷӯён ва устодони  шуъбаи «кори иҷтимоӣ» ва «хизматрасониҳои иҷтимоӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар ҷараёни корҳои  амалӣ истифода бурда мешавад. Барномаи омӯзишӣ барои кормандони бахши иҷтимоӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияти онҳо ба таъмини хизматрасониҳои  иҷтимоӣ  ба гирифторони    ВНМО нигаронида шудааст, пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон дар муаррифии воситаи таълимии «Кори иҷтимоӣ бо мубталоёни бемории масунияти норасоии инсон (ВНМО)»  Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон зикр кард, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории масунияти норасоии инсон тадбирҳои муассир андешида, корҳои зиёдеро анҷом додааст.

Қабули Барномаи миллӣ  барои солҳои 2017-2020, инчунин таъсиси Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо бемории масунияти норасоии инсон аз ҳамин қабиланд.

Сентябрь 29, 2017 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад