Дар Файзободи Афғонистон 26-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил карданд

Сентябрь 12, 2017 11:50

ДУШАНБЕ, 12.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маросими ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки як зумра  роҳбарони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, тоҷикони муқими ҳавзаи консулӣ, аъзои  Анҷумани форсизабонон ва тоҷикони ҷаҳон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, аҳли ҳунар ва фарҳанг дар бинои Консулгарӣ баргузор гардид.

Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маҳфил баъди садо додани суруди миллӣ дар бораи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ростои эҳёи давлатдории муосири тоҷикон ба ҳозирин  маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар бахши дигари суханронӣ муносибатҳои рӯ ба рушди Тоҷикистон ва Афғонистон бозтоб ёфта, изҳори назар шуд, ки “Президенти Тоҷикистон дар  кулли суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки самти ҳамкорӣ бо Афғонистон  дар феҳрасти авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо қарор дорад ва  зербинои онро усули ҳамсоягии нек ташкил медиҳад”.

Дар маҳфил волии Бадахшон Аҳмад Файсали Бегзод ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҶИА дар вилоят сухан гуфтанд.

Дар ҷараёни баргузории ҷашн намоиши ҳунарҳои миллӣ ва “Гӯшаи Тоҷикистон” бо пешниҳоди китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сентябрь 12, 2017 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд