Дар Гулистон ҷаласаи 15-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ оғоз гардид

Сентябрь 14, 2017 11:10

ДУШАНБЕ, 14.09.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Гулистони  вилояти Суғд ҷаласаи 15-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба бехатарии саноатӣ оғоз гардид.

Меҳрафзун Давлатзода, мудири бахши умумии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ба ҳайати Шӯро Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина шомил буда, дар ҷаласаи он масъалаҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои марбут ба бехатарии саноати ин кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

«Барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии ИДМ намояндагони Ҷумҳурии Ўзбекистон  даъват шудаанд, ки ин аз густариши ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Ўзбекистон ва кишварҳои аъзо гувоҳӣ медиҳад»,-хабар дод манбаъ ва илова намуд, ки «ҳалли масъалаҳои марбут ба бехатарии саноатӣ ва таъмини кафолати амнияти ҳаёт ва саломатии кормандоне, ки дар иншооти хатарнок  фаъолият менамоянд, инчунин ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз садамаҳои техногенӣ бо назардошти истифодаи самараноки таҷриба ва дастовардҳои илмию техникӣ ҳадафи асосии баргузории Шӯро мебошад».

Дар назар аст, ки дар Шўрои мазкур миёни Хадамоти федералӣ, экологӣ-технологӣ ва назорати атомии Федератсияи Россия ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи танзими бехатарии саноатӣ ба имзо расонида шавад.

Ёдовар мешавем, ки кори ҷаласаи 15-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба бехатарии саноатӣ пагоҳ, 15 сентябр идома ёфта, пас аз фарҷоми он меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва корхонаҳои саноатии вилояти Суғд боздид ба амал меоранд.

Сентябрь 14, 2017 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад