Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон оид ба нақши ҷавонон дар соҳаи илм конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд

Сентябрь 30, 2017 11:08

ҚӮРҒОНТЕППА, 30.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Қӯрғонтеппа  бахшида  ба  Соли ҷавонон бо ибтикори  Кумитаи кор бо  ҷавонон ва  варзиши  назди Ҳукумати Чумҳурии  Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  конференсияи  чумҳуриявии  илмӣ-назариявӣ  ва  амалӣ  дар  мавзӯи  «Пайравӣ  аз  Пешвои миллат:  нақши  ҷавонон  дар  рушди  ҷанбаҳои  гуногуни сиёсӣ»  баргузор гардид.  Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Конференсия  ду рӯз идома ёфта, дар  кори он раиси  Кумитаи кор бо  ҷавонон ва  варзиши  назди Ҳукумати Чумҳурии  Тоҷикистон  Аҳтам Абдуллозода, муовини  раиси  вилояти  Хатлон  Махфират  Хидирзода, олимони  ҷавон,  муҳаққиқон ва  дорандагони Ҷоизаи  ба  номи  Исмоили  Сомонӣ  дар соҳаи илм иштирок  намуданд.

Дар  доираи  конференсия  намоиши  дастовардҳои олимони  ҷавон  муаррифӣ  гардида, корҳои амалӣ дар  бахшҳои гуногун  идома  ёфтанд. Зикр шуд, ки муҳаққиқон ва ихтироъкорони ҷавони вилоят дар Соли ҷавонон дар бисёр самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Иштирокчиёни конференсия  ҳамзамон  аз  мавзеъҳои таърихии навоҳии  Бохтару  Хуросон  ва  шаҳри Қӯрғонтеппа  дидан  намуданд.

Сентябрь 30, 2017 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад