Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон рӯзи аввали соли нави хониш бо Дарси сулҳ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 1.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дониш таҷлил шуд. Соли нави хониш барои мактабиён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо Дарси сулҳ оғоз гардид.
Тавре муаллимаи Филиали мактаб — кӯдакистони № 111 ҶДММ «И. И. Нассоҷии тоҷик»-и шаҳри Душанбе Ҳайитбӣ Мусавварова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, имсол дар муассисаи мазкур 174 нафар кӯдакон ба синфи як қабул карда шуданд. Баъди ҷамъомади идона ва ба синфхона даровардани хонандагон рӯзи аввали хониш бо Дарси сулҳ оғоз шуд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, теъдоди кӯдакони синфи якум дар соли хониши 2017-2018 дар ҷумҳурӣ беш аз 240 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудааст.













Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






