Дар Қӯрғонтеппа бо соҳибкорон суҳбати озод баргузор шуд
ҚӮРҒОНТЕППА, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар» /. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Рӯзи соҳибкорон вохўрии раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода бо соҳибкорон баргузор гардид.
Тавре масъули бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Умед Мирзоев иттилоъ дод, зимни вохўрӣ А. Исмоилзода дар бораи вазъи сармоягузорӣ ва дастгирии лоиҳаҳо аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои соҳибкорон сухан гуфт.
Зикр шуд, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар иртибот ба беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони шаҳр тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Хусусан масъулин баҳри муҳайё намудани шароити мусоиди кор ва хизматрасонӣ ба мардум дар ин самт азму талош менамоянд.
Дар мулоқот соҳибкорон оид ба нақшаҳои худ, ки ба рушди соҳибкорӣ равона гардидаанд, суҳбати озод доир намуданд.
Ба иттилои манбаъ, то таҷлили Рӯзи соҳибкорон дар шаҳр баргузории чунин вохӯрию суҳбатҳо дар назар аст. Ин тадбир идомаи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорон ва рушди соҳибкорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






