Дар Сарбанд беш аз якуним тонна маводи доруворӣ нобуд карда шуд
ҚӮРҒОНТЕППА, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузаштаро дар партовгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, воқеъ дар шаҳри Сарбанд ба таври сӯзондан нобуд карданд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, 21 номгӯй ё 13 ҳазору 006 адад маводи муҳлати истифодаашон гузашта аз тарафи муассисаҳои фармасевтӣ ва пешгирию табобатӣ пешниҳод карда шуда, 143 номгӯй ба миқдори 14 ҳазору 005 адад дар вақти санҷиши мутахассисони раёсат аз муассисаҳои фармасевтӣ ва пешгирию табобатӣ гирифта шуданд.
Дар маҷмӯъ, 1560 кг маводи доруворӣ ба комиссия оид ба нобуд намудани маводи доруворӣ ва гигиению ороишӣ пешниҳод гардида, дар ҳузури комиссия сӯзонида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






