Дар Сарбанд беш аз якуним тонна маводи доруворӣ нобуд карда шуд

Сентябрь 28, 2017 10:13

ҚӮРҒОНТЕППА, 28.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон маводи доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузаштаро дар партовгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, воқеъ дар шаҳри Сарбанд ба таври сӯзондан нобуд карданд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон иттилоъ  доданд, 21 номгӯй ё 13 ҳазору 006 адад маводи муҳлати истифодаашон гузашта аз тарафи муассисаҳои фармасевтӣ ва пешгирию табобатӣ пешниҳод карда шуда, 143 номгӯй ба миқдори  14 ҳазору 005 адад дар вақти санҷиши мутахассисони раёсат аз муассисаҳои фармасевтӣ ва  пешгирию табобатӣ гирифта шуданд.

Дар маҷмӯъ, 1560 кг маводи доруворӣ ба комиссия оид ба нобуд намудани маводи доруворӣ ва гигиению ороишӣ пешниҳод гардида,  дар ҳузури комиссия сӯзонида шуд.

Сентябрь 28, 2017 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод