Дар шаҳри Истаравшан масоили гузаронидани кишти такрорӣ ва ҷамъоварии ҳосил баррасӣ гардид
ИСТАРАВШАН, 27.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан вобаста ба масъалаҳои гузаронидани кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосил ва захираи маҳсулот барои зимистонгузаронӣ машварати корӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Шералӣ Азимӣ иттилоъ дод, дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода ва масъулини раёсати кишоварзию дигар сохторҳо иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ вобаста ба масъалаи гузаронидани кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосил ва захираи маҳсулот барои замистонгузаронӣ иброз намуд, ки давоми ҳашт моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 310 миллиону 601 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз он 242 миллиону 750 ҳазор сомониашро маҳсулоти зироаткорӣ, 67 миллиону 850 ҳазор сомониро маҳсулоти чорводорӣ ташкил дода, нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 миллиону 301 ҳазор сомонӣ зиёданд. Ин 106, 3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар машварати корӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадтоҳир Зокирзода ба масъулини соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида ва тибқи нақша гузаронидани кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосил, захираи маҳсулот барои замистонгузаронӣ ва ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






